info@yurist24.tj
(+992) 551550303
Роҳнамоӣ оид ба қонунҳои муҳоҷиратии кишвари иқомат. Кӯмак дар тамдиди раводид (виза) ё гирифтани иҷозатномаи иқомат. Маслиҳат оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон дар хориҷ.
Сабти таваллуд, никоҳ ё талоқ дар намояндагиҳои бахшҳои САҲШ-ҳои Ҷумҳурии Точикистон ва РАҲШ дар вазорати адлия. Таҳияи аризаҳо ва ҳуҷҷатҳо барои шаҳодатномаи ҳолатҳои шаҳрвандӣ (таваллуд, никоҳ, вафот).
Гирифтани ваколатнома барои иҷрои амалиётҳо дар Тоҷикистон (масалан, идора кардани молу мулк). Омода кардани шартномаҳои хариду фурӯш ё иҷора барои амволи дар Тоҷикистон буда. Санҷиш ва тасдиқи ҳуҷҷатҳо тавассути нотариус.
Таҳияи васиятнома ва ҳуҷҷатҳои марбут ба мерос. Намояндагӣ дар масъалаҳои мерос дар мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон. барои дар ба расмият даровардани ҳуқуқи мерос мерасонад
Таҳлили қонунҳои меҳнатии кишваре, ки шахс кор мекунад. Танзими баҳсҳои ҳуқуқӣ бо корфармо дар хориҷ. Маслиҳат оид ба ҳифзи ҳуқуқҳо ва имтиёзҳои муҳоҷирон.
Намояндагӣ дар судҳои Тоҷикистон тавассути вакилатнома. Кумак дар ҳалли баҳсҳои молу мулкӣ, оилавӣ ё дигар баҳсҳо.
Роҳнамоӣ оид ба тартиби апостил ё легализатсияи ҳуҷҷатҳо барои истифодабарӣ дар хориҷ. Намояндагӣ барои гирифтани тасдиқи ҳуҷҷатҳо дар идораҳои давлатӣ.
Ҳалли масъалаҳои марбут ба издивоҷ ё талоқ дар хориҷ ва сабти онҳо дар Тоҷикистон. Таҳияи созишномаҳо оид ба нигоҳубини кӯдакон. Кумак дар баҳсҳои марбут ба васоят.
Омода кардани шартномаҳои иҷора, фурӯш ё харид. Ҳалли баҳсҳои ҳуқуқии марбут ба амвол. Кумак дар идоракунии молу мулк тавассути вакилатнома.
Роҳнамоӣ дар пардохт ва ҳисоббаробаркунии андозҳо дар Тоҷикистон. Маслиҳат оид ба интиқоли маблағҳо ва масъалаҳои қарзӣ. Таҳияи ҳуҷҷатҳо барои ҳифзи манфиатҳои молиявӣ.